Дар Душанбе таъсис додани Шурои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон зарур шуморида шуд

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади намояндагони мақомоти дахлдор ба соҳа ва ташкилотҳои маъюбӣ доир гардид, ки дар он масъалаи таъсис додани Шурои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис додани мушовир оид ба масъалаҳои маъюбон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур масъалаҳои манфиат ва зарурати таъсис додани Шурои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис додани мушовир оид ба масъалаҳои маъюбон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вобаста ба натиҷаи таҳлилҳо перомуни таъсиси Шурои болозикр гуфтушунид сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *