Вилояти Суғд барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ озмун эълон менамояд

Душанбе, 01.10.2020 /Радио «Овози тоҷик»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соҳаи сайёҳӣ миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят силсилаозмунҳои вилоятӣ эълон менамояд.

Мақсад аз баргузор намудани озмунҳо ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ буда, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он  дар вилоят,  муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилояти Суғд мусоидат менамояд.

Довталабон метавонанд барои иштирок дар озмун маводҳои худро оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва тўњфаи беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон- минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» пешнињод намоянд.

Муҳлати қабули мавод то 23-юми октябр сурат мегирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *