Дархости Толибонро СММ рад кард, Сафири пешини Афғонистон дар Созмони Милал ҳамчунон намояндаи ин кишвар боқӣ монд

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки дархости ҳукумати Толибон ва артиши Мянмарро барои тасарруфи курсиҳои онҳо дар СММ ба таъхир андохт. Бар асоси ин тасмим, сафирони ҳукуматҳои қаблии ду кишвар курсии намояндагии худро дар ин созмон идома хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузориҳои Афғонистон, ин қатънома рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал бо ризоият тасвиб шуд.

Қарори ин ниҳоди 193 узвӣ ба он маъност, ки сафирони ҳукуматҳои қаблии Мянмар ва Афғонистон то замони қабули тасмим дар бораи намояндагони Толибон ва артиши Мянмар дар вазифаҳои худ боқӣ хоҳанд монд.

Ин қатъномаро Анна Карин Инстром, Сафири Шветсия дар Созмони Милали Муттаҳид ва раиси кумитаи аккредитатсияи Маҷмаи Умумии СММ, ки ҳафтаи гузашта ба СММ тавсия дода буданд, ки тасмим дар бораи аккредитатсияи Афғонистон ва Мянмарро ба таъхир гузорад.

Вай афзуд, ки кумитаи 9-нафарӣ баргузории нишасти дигарро дар ин мавзӯъ таъйин накардааст ва маълум нест, ки эътиборномаи Мянмар ва Афғонистон то чӣ андоза ба таъхир меафтад.

Кумитаи аккредитатсияи СММ раванди тасмимгирӣ дар бораи намояндагони Афғонистон ва Мянмарро дар СММ ба таъхир гузошт.

Эътироф шудани вазъи низомии Толибон ва Мянмар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид як қадами муҳим барои қонунӣ кардани ин ҳукуматҳо дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд.

Толибон, Соҳил Шоҳин, Сухангӯи худро дар Давҳа ба намояндагӣ дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кардааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *