Муаррифии фазои сармоягузорӣ ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Малайзия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия (MICCI) дар меҳмонхонаи “JW Mariott”-и шаҳри Куала Лумпур Бизнес форумро баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар соҳибкор аз 30 ширкати малайзӣ иштирок доштанд.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, сафир Ардашер Қодирӣ дар рафти суханронии хеш қайд намуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Президенти Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия Кристина Тӣ зимни суханронии худ аз имкониятҳои васеи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Малайзия сухан гуфта, соҳибкорони малайзиро барои саҳм гузоштан дар густариши муносиботи иқтисодии ду кишвар даъват намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст барои соҳибкорони малайзӣ дар минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ҷудо намудани қитъаи заминро баррасӣ намояд.

Дарҷ гардид, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба рӯйхати  “Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Малайзия низ имкон доранд, аз сабукиҳои андозбандӣ ва навъҳои ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд.

Вобаста ба ин, Сафири Тоҷикистон имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва сайёҳиро  ба таври муфассал муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар доираи чорабинии мазкур намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки ҳозирин ба таъму сифати маҳсулоти тоҷикӣ баҳо баланд дода, ҷиҳати ба роҳ мондани содироти он маҳсулотҳо ба минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё мароқ зоҳир карданд. Дар намоишгоҳ Сафорат маълумотҳоро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот аз ширкатҳои ватании ғизо ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминхои Тоҷикистон», «Ширин» ва ғайраро ба маърази тамошобинон гузошт.