Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар Қуния

Дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир ба Туркия ҷиҳати иштирок дар маросими 748 солагии маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) 16 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Bayır Diamond Hotel & Convention Center шаҳри Кония Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия доир мегардад.

Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, дар назар аст, ки дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ, ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор хоҳад гашт.

Интизор меравад, ки  бо дарназардошти корбариҳои дар доираи Форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошия чорабинии мазкур баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ сурат гирад.