Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия доир гардид

Дирӯз дар ҳошияи сафари Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир ба Туркия ҷиҳати иштирок дар маросими 748 солагии маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) дар меҳмонхонаи Selcuklu Congress Center шаҳри Кония Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия иттилоъ доданд, дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ, ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намуданд.

Дар Форуми мазкур Вазири саноат ва технологияи Туркия муҳтарам Мустафа Варанк, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир, Волии шаҳри Кония муҳтарам Ваҳдетин Озкан, Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия(DEIK) муҳтарам Наил Олпак, ва Раиси Палатаи савдои Кония муҳтарам Селчук Озтурк суханронӣ намуда, ба иштирокчиён вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун маълумоти мушаххас манзур карда шуд.

Ҳамзамон, дар ҳузури роҳбарияти вазорату идораҳои ҷонибҳо як зумра санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла байни вазоратҳои саноат ва технологияҳои ду кишвар, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдои Кония, инчунин байни бахшии хусусии Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, алалхусус фармасевтика беш аз 10 Ёддошти ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.

Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.
Иштирокчиёни Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия ба имконияту иқдомҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.