Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қазоқистон

Тоҷикистон бо ҳамдардии самимӣ ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистони бародарро пайгирӣ менамояд. Ин нуқта дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар робита ба вазъияти Қазоқистон нашр гардид омадааст.

Гуфта шудааст, ки мо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро бо таасуфи ҷиддӣ таъкид менамоем. Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар изҳороташ зикр менамояд, ки ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамоем. “Итминон дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд”-, омадааст дар он.

Ҳамчунин дар изҳорот қайд гардидаст, ки бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем. Мо ба наздикону пайвандони фавтидагон дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ тасаллияти амиқ баён менамоем.