Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ояндаи маъданҳо

Дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Форуми байналмилалӣ дар бораи дурнамои истихроҷи маъданҳо (Future Minerals Forum) доир гардид.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи ифтитоҳии форуми мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар шакли маҷозӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба таври ҳузурӣ иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронии худ дар Форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираҳои бойи табиӣ ва  имкониятҳои васеи Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъданҳо маълумот дода, ҷонибҳои ҳавасмандро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват намуд.

Ёдовар мешвем, ки Форуми ояндаи маъданҳо (Future Minerals Forum) дар Риёз аз 11 то 13 январи 2022 идома дошт.