Сафири Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Гулов Ашрафҷон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Анкара Моҳаммад Фаразманд мулоқти корӣ анҷом дод.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ медиҳад, зимни вохурӣ дар робита ба масъалаҳои вобаста ба рушди муносибат ва ҳамкориҳои ду кишвар табодули афкор сурат гирифтa, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон матраҳ карда шуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.