Мулоқот бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур мулоқот намуд.

Зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА, инчунин татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ аз 16 апрели соли 2018 баррасӣ гардид.