Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия мулоқот намуд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои  ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей  Лавров иштирок кард.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ С.Н. Лебедев низ ширкат варзид.

Зимни  мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар он дидор буд.