Антониу Гутерриш : шаҳрвандони Афғонистон набояд ба хотири кирдорхои ғалати Толибон ба таври оммавӣ муҷозот шаванд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,  Антониу Гутерриш аз афзоиши шумори фавтидагон  бар асари  гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои « Овози тоҷик» ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, Гутерриш  ба ин хабаргузорӣ  гуфтааст, ки шаҳрвандони Афғонистон набояд ба хотири кирдорхои ғалати  Толибон ба таври оммавӣ муҷозот шаванд.

Дабири кулли СММ афзӯд: “Афзоиши кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон муҳим аст, зеро ба гуфтаи ӯ, афғонҳо бар асари гуруснагӣ хатари гуруснагӣ доранд”.

Гутерриш гуфт, нисфи ҷамъияти Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва пули нақд барои эҳёи иқтисоди ин кишвар лозим аст.