Иттиҳодияи Аврупо: ҳузури мо дар Кобул ҳеҷ гоҳ ба маънои эътирофи ҳукумати Толибон нест !

Питер Стано, сухангӯи вазорати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин иттиҳодия ба хотири мусоидат ба расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ба ҳузури “ҳадди ақалли” дар Кобул шурӯъ кардааст.

Оқои Стано афзуд, аммо ин ба маънои эътирофи ҳукумати Толибон нест.

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дирӯз эълон кард, ки барои мусоидат ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва назорати вазъи башарӣ дар Кобул ҳузури ҳадди ақаллро оғоз кардааст.

Ба гузориши радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз Франс Пресс, Питер Стано, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфтааст, “ҳузури ҳадди ақали мо дар Кобул ҳеҷ гоҳ ба маънои эътирофи ҳукумати Толибон нест.”

Вай афзуд, ки дар ин бора ба мақомоти Толибон низ хабар дода шудааст.

То ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро эътироф накардааст. Аксари кишварҳои ҷаҳон эътирофи Толибонро ба амалҳои онҳо вобаста донистаанд.