ҶМ: Толибон як сокини осоишта, арӯс ва як тифли навзодро дар Балх ба як услуби ваҳшиёна куштанд

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гуфт, муборизаи онҳо бар зидди торикӣ ва истилогарон ҳеҷ гоҳ қатъ нашудааст ва шабу рӯз идома дорад.

Ба гузориши радиои “Овози тоҷик”,  вай дар Твиттер навишт, ки шаби гузашта фармондеҳ Абдулқодир, маъруф ба фармондеҳ Ҷамшед Кӯҳистонӣ ва ҳашт нафари дигар дар набарди тан ба тан бо Толибон дар зодгоҳашон – деҳаи Бохтар дар  Балх кушта шуданд.

Вай афзуд, ки пас аз кушта шудани онҳо Толибон ба манзилҳои мардуми маҳаллӣ ворид шуда, сокинони деҳаро шиканҷа карда, Ҳоҷӣ Меҳрулло, як сокини осоишта ва яке аз пирони Балхро ҳамроҳ бо писари хурдсоли ин хонавода, арӯс ва тифли навзод ба як услуби  ваҳшиёнаи ғайри қобили тасаввур куштаанд.

Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимат гуфт: “Ин ҷиноятҳо беҷавоб намемонанд; Мо дар сари вакт ва хисобу китоб чавоб медихем».