Даргирии мусаллаҳонаи Толибон ҳангоми намози ҷумъа бо яке аз хатибони тарфдори худ

Манбаъҳои маҳаллӣ дар Тахор мегӯянд, ки пас аз даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои Мавлавӣ Абдулқодири Ҳомӣ ва Толибон дар дохили масҷиди ҷомеи ин вилоят ҳангоми намози ҷумъа, Толибон ин рӯҳониро барканор ва боздошт кардаанд.

 

Ба гузориши радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз  рӯзномаи 8-и Субҳ, Мавлавӣ Абдулқодир Ҳомӣ, воизи масҷиди ҷомеи Тахор ва яке аз тарафдорони сарсахти Толибон дар вилоят буд, аммо барои радди дархости Толибон барои барканории ӯ аз мақом боздошт шуд.

 

Ба гуфтаи як манбаъ, намозгузорон ҳангоми фирор низ шиша, ва дарҳои масҷидро шикастаанд.

Ансоруллоҳ Ансорӣ, раиси Идораи фарҳанги Тахор, боздошти рӯҳонии масҷидро рад кард.

Ба гуфтаи ӯ, Мавлавӣ Абдулқодир ва афроди ӯ пас аз ин суханронӣ, ки аз сӯи нерӯҳои Толибон монеъ шуда буд, мехостанд, нооромиҳо эҷод кунанд.

Ба гуфтаи Ансорӣ, шиорҳои эҳсосии афроди вобаста ба Мавлавӣ Абдулқодир боиси нигаронии намозгузорон ва халалдор шудани сафҳо шудааст.

Мудири иттилооти фарҳанги Тахор мегӯяд, Мавлавӣ Абдул Манон аз ҷониби Толибон ба ҳайси сухангӯи нави Масҷиди ҷомеи Тахор таъин шудааст.

Навор нишон медиҳад, ки вазъ дар Масҷиди ҷомеъ ором аст, аммо Толибон пеши роҳи хатиби  масҷидро мегиранд.

Гуфта мешавад, ки ин рӯҳонии масҷид ҷонибдори Толибон будааст, аммо қаблан аз ҳукумати Толибон интиқод карда буд.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои ахир фишори ҳукумати Толибон ба имомхатибони масҷидҳо афзоиш ёфтааст.

Қаблан манобеъ гуфта буданд, ки Абдулсалом Обид, воизи масҷиди Абдураҳмонхон ва устоди донишгоҳ, ки аз донишманди мӯътадил маҳсуб мешавад, ба далели фишорҳои мухталиф маҷбур ба истеъфо шудааст.