Дар Хуҷанд озмуни «Саъдихонӣ» ва «Ҳофизхонӣ» доир гардид

Душанбе, 08.01.2021 /Радио «Овози тоҷик»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар давраи таътили зимистонаи толибилмон озмуни “Саъдихонӣ” ва “Ҳофизхонӣ” баргузор гардид. Дар доираи озмун довталабон донишу истеъдод ва маҳорти наттоқии худро нишон дода, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати доварон муайян гардиданд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур барои баланд бардоштани маҳорати суханварии хонандагон, бедор намудани завқи шеърдонию сухандонии онҳо, эҳтиром гузоштан ба ашъори ниёгон ва ҳифзу аз худ намудани ғазалиёти оламгири шоирони классики тоҷику форс мусоидат менамояд.

Ғолибони озмун бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардиданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *