Муносибатҳои бисёрҷанба ва стратегии Тоҷикистону Россия густариш меёбанд

Душанбе, 10.02.2021 /Радио «Овози тоҷик»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров мулокот анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медихад.

Ба иттилои манбаъ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум атрофи масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ин рӯзҳо дар Москва баргузор шуда истодааст, ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Хамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар партави раёсати Тоҷикистон дар СААД ва ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ин Созмон, ки имсол дар Душанбе баргузор мешаванд, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва муносибатҳои шарокати стратегӣ миёни Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *