Тоҷикистону Озарбойҷон дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд

Душанбе /Радио «Овози тоҷик»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугуи судманд анҷом доданд.

Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳоро муҳим арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *