Дар Шаҳритус масъалаҳои брендикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид

Душанбе /Радио «Овози тоҷик»/. Масъалаҳои брендикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ махсусан “Чилучорчашма” ва Мадрасаи “Хоҷа Машҳад” дар доираи семинари навбатӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон баррасӣ гардиданд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинии зикргардида, аз тарафи намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Абдусаломов Мирзошариф, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайёд, ва дигар иштирокчиён маърӯзаҳо шунида шуда, миёни онҳо изҳори назар ва эроду таклифҳо анҷом шуд.

Зикр гардид, ки маҳз ҳамкорӣ ва ташаббусҳои муштарак ва тавъами мақоми ваколатдори соҳаи сайёҳӣ, яъне Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рӯз аз рӯз туризм махсусан туризми таърихию фарҳангӣ дар кишвар рушд карда истодааст ва объектҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои табиию фарҳангии мо аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва боз раванди вориднамоӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихию фарҳангии Мадрасаи Хоҷа Машҳад аллакай дар Феҳристи ёдгориҳои мероси мансуб ба Исломи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ворид аст, ҳамчунин ин ёдгории таърихию фарҳангӣ то ин дам дар Феҳристи пешакии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, умед аст, ки дар ояндаи наздик дар Феҳристи асосӣ ворид карда шавад. Ёдгории табиию фарҳангии Чилучорчашма низ мавзеъе мебошад, ки ҳазорон сайёҳонро дар ҳайрат гузоштааст ва ин мавзеъ низ дар ояндаи наздик барои ворид шудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *