Имрӯз дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир гардид

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз, 24 апрели соли 2021, бахшида ба 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе   даври ҷамъбастии Фестивал таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир гардид.

Дар фестивали мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи Фестивал  ҳунармандон навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ, созтарошию табақтарошӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.

Бояд қайд кард, ки маҳсули офаридаи ҳунармандони  чирадасте, ки дар ин фестивал мавриди тамошои меҳмонон қарор дода шуд,  бо маҳорати баланди ҳунармандӣ омода шуда буд.

Тавре ҳунарманди созтарош Устодона Зиё ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик»  иброз  дошт, тӯли солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунару истеъдоди ҳунармандони тоҷик рушд ёфтааст. Аз ҷумла ҳунари созҳои мусиқӣ, ки дар радифи дигарҳо ҳамчун санъату ҳунари волои миллї арзёбӣ мегардад, инкишоф ёфтааст. «Ҳамчунин баргузор намудани чунин чорабиниҳо метавонад барои ҳунармандон боз як илҳоми дигаре бахшад, зеро онҳо ҳунари якдигарро дида, дар оянда метавонанд дар доираи боздидњои худ  маҳораташонро  сайқал диҳанд»,- гуфт номбурда дар идомаи суҳбат.

 

 

 

 

 

 

 

Маврид ба зикр аст, ки баргузории фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон, дар ҷараёни  фестивал иштирокчиёни фаъол, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷом, Ифтихорнома ва тўҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *