Шоир ва публитсисти тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ба узвияти Итифоқи нависандагони Русия пазируфта шуд

“Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шоир, журналист, публитсист, тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим ба узвияти Итифоқи нависандагони Русия пазируфта шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки Абдуқаҳҳори Қосим идомадиҳандаи роҳи шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода буда, дар таҳким бахшидани дӯстии адабии манотиқи гуногуни дунё саҳми худро гузошта, муаррифкунандаи забону фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Осори ӯ то имрӯз ба зиёда аз 17 забони дунё тарҷума шуда, дар маҷаллаву осори мунтахаби адибони ҷаҳонӣ дар кишварҳои Русияву Аврупо, Осиёву Амрико ба нашр расидааст.

Абдуқаҳҳори Қосимро ташкилотҳои гуногуни адабию фарҳангии кишварҳои зиёди дунё эътироф намуда, ба сафи худ қабул намудаанд.

Мавсуф ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Ҳамоҳангсози Иттифоқи Умумиҷаҳонии Шоирон барои сулҳ ва озодӣ (UMPPL) – “Uni ón Mundial de poetas por la paz y la libertad (UMPL)”, узви Иттифоқи Конфедератсияи байналмилалии журналистон, Академияи Байналмилалии адабиёти Русия, Иттиҳоди байналмилалии нависандагон, драматургон ва журналистон, узви Иттиҳоди ҳаракати ҷаҳонии шеър – WPM, узви Академияи адабиёт, санъат, коммуникатсия (Lik), Раиси ҳакамони назми Фестивали байналмилалии адабӣ ва ҷавонони “КлиментФест”-Қрим ва узви ҳакамони озмуни байналмилалии “Пушкин-асри 21” мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *