Дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар назар аст

Дар соли 2020 мебоист Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардад, вале бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус мавқуф гузошта шуд. Ҳоло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки  Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар ин кишвар моҳи декабри соли равон баргузор шавад. Ин нуқтаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни мулоқот бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ иброз намуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ аз рушду инкишофи ҳамкориҳои фарҳангӣ, рафтуомади сайёҳони кишварашон ба Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ин ду кишвари ба ҳам дӯст зикр гардид.

Таъкид шуд, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз пеш рушд ёфтааст,  ки ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвар дарак медиҳад.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ тарафҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Аморотро баррасӣ намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *