Аввалин сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Рашт баъд аз Covid-19

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт назаррас буда, таи се моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 448-нафар сайёҳон  аз минтақаҳои нотакрори он дидан намуданд, ки 10-нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил доданд.

Тавре Мудири бахши сайёҳии ноҳияи Рашт Ҳайдарзода Одилҷон ба рӯзноманигори радиои «Овози тоҷик» хабар дод, бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳияи Рашт 8 хатсайри нави сайёҳӣ  ташкил гардид, ки барои дӯстдорони сайру саёҳат хизмат менамояд.

Ҳамзамон, бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар ноҳия як ширкати сайёҳӣ ба фаолият шурӯъ намуд, ки бештар ба ҷалби сайёҳони дохилӣ равона гардидааст.

Тибқи иттилои номбурда, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт дар соҳаи сайёҳӣ нақшачорабинӣ тартиб дода шуда, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ меҳмонхонаҳои хуштарҳу замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

«Дар баробари ин, дар ноҳия боз бунёди меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, осорхона, нуқтаҳои гуногуни сайёҳӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва дукони ҳунармандии табақтарошӣ ба нақша гирифта щудааст, ки то таҷлили ин ҷашни фархунда пурра мавриди истифода қарор мегиранд»,- мегӯяд Ҳайдарзода Одилҷон.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат назаррас буда, он ба беҳбудии сатҳи хизматрасонӣ, эҳёи туризми мактабӣ, омодасозии хатсайрҳои нав мусоидат намуд.

Ҳамин аст, ки дар мамлакат рушди самтҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ-кӯҳӣ, экологӣ,  таърихию омӯзишӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва истироҳатӣ ба роҳ  монда шудааст, ки боиси таваҷҷӯҳи сайёҳон гардидааст. Ин аст, ки Тоҷикистон дар самти сайёҳии ҷаҳонӣ мавқеи намоён дорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *