«Сад ранги чакан»- зери чунин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, имрӯз дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар доираи он намояндагон аз  тамоми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш-фурӯши намудҳои гуногуни чакан, сӯзанӣ ва гулдӯзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Мушовири кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо Фестивали мазкурро барои баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон маънидод намуда, иброз дошт, ки баргузории он имконият фароҳам  меорад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзӣ, ин ё он санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

«Бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки боиси ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад»-, гуфт Олимӣ Марҳабо.

Фестивали «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, аз рӯйи 6 номинатсия: намоиши либосҳои чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ дар се давр баргузор гардид.

Сатторова Роҳила, ҳунарманд аз ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ баргузории Фестивали мазкурро имконияти хуби нишон додани  ҳунари волои  ҳунармандон арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ман тӯли 15 сол аст, ки ба касби чакандӯзӣ машғул ҳастам ва дар ҳамин ришта шогирдон омода месозам, то ки санъати миллии мо мавқеи худро гум насозад ва ба наслҳои оянда боқӣ монад.  «Шурӯъ аз соли 2018 ман дар чунин фестивалҳо иштирок намуда, ҳунари дастии худро ба намоиш мегузорам. Ман аз он хурсандам, ки чунин фестивалҳо роҳандозӣ мегарданд ва меҳнати дастии моро зинда месозанд, ки ин як рӯҳияи дигар ба мо чирадастон медиҳад»,- мегӯяд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сад ранги чакан» тӯли се сол аст, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, ҳадафи асосии он барои тарғибу ташвиқи расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ равона гардидааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *