Дар ноҳияи Ишкошим фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2021” доир гардид

Дар ноҳияи Ишкошим дастаи ҳаваскорони ҷамоати деҳоти Вранг дар даври дуюми фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” баромад намуда, барномаи мукаммали ҳунариро дар асоси низомномаи озмун пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.

Тавре радиои «Овози точик» бо истинод ба Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад, ҳунармандони ҷавон Сайрам Асанхонова, Нилуфар Ниёзмамадова, Алисултон Партовиев, Давлатбек Карамов ва гуруҳи ҳаҷвнигорон таҳти роҳбарии Сафармамадов М. ва гуруҳи раққосон зери роҳбарии устод Раҳматшоев Б. баромад намуда, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардиданд.

Дастаи ҳаваскорони ҷамоати деҳоти ба номи Замиров А. дар иҷрои ҳамаи шартҳои озмун иштирок намуда, ҳаваскорони беҳтарини ҷамоат Одинаев А, Ширинбеков А., Озари Мавлоназар, Султонмамадов У., Амирхонов Ф., Насибаи Мавлоназар ва дигарон барои истеьдоди нотакрор сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардиданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *