«Русмостранс» ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб кумак намуд

Аз ҷониби соҳибкорони Ширкати «Русмостранс»-и Федератсияи Россия ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб кумак, ки  аз  20 тонна орд, 2 тонна равған ва 2 тонна шакар  иборат буд, расонида шуд, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Ба иттилои манбаъ, чандин рӯз аст, ки   бо мақсади расонидани ёрии амалӣ  ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида корвони кумакҳои  башардӯстона аз  шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ба шаҳри  Кӯлоб ворид  мегарданд.

 Аз ҷумла,  16  май  аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб  33 тонна арматур, 40 тонна семент, 10 тонна орд, 2 тонна шакар, 2 тонна равған (400х5 литра), 1 тонна макарон, 50 кӯб тахта, 2 тонна сим, 500 дона гипсакартон, 500 дона картони навъи ДВП кумак  расонида шуд,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини  шаҳри Кӯлоб  ба ҳалокат расида, даҳҳо  хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои  мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди  маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.  Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома  дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *