Дар Донишгоҳи славянӣ намоишгоҳи байналмиллалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 19 майи соли равон дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон кушодашавии Намоишгоҳи-IX байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” доир гардид.

Имрӯз, 20-уми май идомаи чорабинии мазкур бо иштироки намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар он хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон ширкат варзиданд.

Тавре хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахминаи Амон аз ҷараёни чорабинӣ иттилоъ дод, ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ фароҳам овардани имконот барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд, иборат аст.

Маврид ба зикр аст, ки имсол беш аз 26 муассисаи таълимии Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия шинос гардида, дар бораи шароити қабул, омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ, дар бораи барномаҳои ҷолиб барои донишҷӯёни хориҷӣ, дар бораи шароити зиндагӣ, истироҳат ва стипендияҳо маълумоти кофӣ пайдо намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *