Дар ҷахон сироятёбӣ ба Covid-19 15% коҳиш ёфтааст

Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон беш аз 3,5 миллион ҳолати нави сирояти коронавирус ва беш аз 78 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳафт рӯзи сипаригардида 15%-и сироятёбӣ ва 7%-и фавт коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).

Тибқи иттилои манбаъ, аз 24 то 30 май дар ҷаҳон 3.550.456 сирояти нав ва 78.667 фавт ба қайд гирифта шуда, то 30 май, дар маҷмӯъ 169 604 858 сироят ва 3.530 837 марги бемор сабт гардидааст.

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 2 июн, ба СУТ дар бораи 171 938 586 сироятшуда ва 3 575 782 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 447 201 нафар ва фавтидагон 10 344 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 136 738. Баъд аз он Ҳиндустон (28 307 832), Бразилия (16 625 572), Франсия (5 677 172), Туркия (5 256 516), Россия (5 081 417), Британияи Кабир (4 490 438), Италия (4 220 304), Аргентина (3 817 139), Германия (3 692 908), Испания (3 682 778) ва Колумбия (3 432 422) қарор доранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *