Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар самти меҳант ва муҳоҷират тақвият меёбанд

Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-модул” Ирина Морозова мулоқот намуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Дар ҷараёни мулоқот масъулин аз шароити кор ва буду боши муҳоҷирон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ дидан намуда, масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-ро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-Модул” аз фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби 200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкати мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки омодаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *