Дар Душанбе ниммарафони байналмилалии СҲШ доир мегардад

13-уми июни соли равон, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ доир мегардад.

Тавре радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки ниммарафони мазкур ҳамасола дар фазои СҲШ, инчунин бисёр чорабиниҳои дигари варзишӣ баргузор мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои узви СҲШ варзишро ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таъмини сулҳ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устувор эътироф мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *