Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тақвият меёбанд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл мулоқот намуд, ки дар раванди он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ гардиданд.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, тарафҳо тақвияти муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон гуфтугӯи судманд дар робита ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *