Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар барои солҳои 2022-2024 муаррифӣ гардид

Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори кишварии Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Шэнни Кэмпбелл мулокоти кори анчом дод, ки дар доираи он лоиҳаи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар барои солҳои 2022-2024” муаррифӣ гардид.

Тавре Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад,  зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.

Дар давраи татбиқи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар” ҷалби маблағҳои грантии БОР дар ҳаҷми 462 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Пас аз муаррифии ҳуҷҷати стратегӣ миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаи мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *