Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид

28 июли соли 2021 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ – аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNDAF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии натиҷаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳои арзёбии ниҳоии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иктисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар барои таъмини рушди устувор ва мутавозини иқтисодӣ дар давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 млрд сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Ду агрегати НБО «Роғун» ба истифода дода шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ба 21 млрд КВт/с расид. Дар натиҷа кишвар дар арзёбии байналмилалӣ оид ба дастрасӣ ба қувваи барқ мавқеи 2-юм соҳиб гардид. Дар ин давра беш аз 1500 км роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 км роҳи оҳан бунёд ва имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа ёфта, Тоҷикистон дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳ мавқеи 50-ум ва самаранокии хизматрасонии роҳи оҳан мавқеи 37-умро дар байни 141 кишвари ҷаҳон ишғол намуд.

Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз руи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Дарозумрии аҳолӣ 1,4 сол зиёд шуда, ба 75,2 сол расид. Фавти модару кӯдак дар ин давра мутаносибан 13,1 ва 26,9 фоиз кам шуд.

Гуфта шуд, ки дар соли 2020 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 4,5 фоиз ба вуҷуд овард.

Хонум Сезин Синаноглу Ҳукумати ҷумҳуриро барои ноил гардидан ба рушди назаррас дар давраи татбиқи барномаи UNDAF табрик намуда, барои ҳамкории самаранок ва ба даст овардани натиҷаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон мавсуф омодагии СММ-ро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар раванди таҳия ва татбиқи Барномаи нави UNDAF, ки соли 2023 оғоз мешавад, изҳор намуд.

Роҳбари гурӯҳи арзёбӣ, ҷаноби Томислав Новович ва хонум Тетяна Никитина, Роҳбари гурӯҳ оид ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии UNDAF натиҷаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳои арзёбии ниҳоии UNDAF барои солҳои 2016-2022 ва вокуниши идоравӣ ба тавсияҳои арзёбӣ ба ҳозирин муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *