Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об мулоқот намуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Ги Бонваро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамкории минтақавӣ дар доираи барномаи дипломатияи оби Швейтсария, инчунин раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди марбут ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *