Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дастоварди навбатии сатҳи байналмилалиро соҳиб гардид

Дар шаҳри Белгради Сербия аз ҷониби Ассотсиатсияи «Алия мунди» – барои пешрафти фарҳанги гуногун, Маҷмӯаи Байналмилалии ҳикоя аз шаш калима бо номи “I BI PRIČA” нашр шуд, ки дар он чакидаҳои хома ва тарҷумаи ҳоли шоири меҳанпараст, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим дар қатори дигар намояндагони аҳли адаби дунё ворид гардидааст.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмӯа ба хотири 60 солагии ёдбуди нависандаи машҳури Амрикоӣ, дорандаи мукофоти Нобел Эрнест Хеменгуэй нашр гардида, иштирокчиён номинанти озмуни Байналмилалии “Ҳикоя аз шаш калима” эълон шудаанд.

Ҳамзамон, шоир Абдуқаҳҳори Қосим ба шарафи 200 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Салвадор ва Амрикои Марказӣ аз ҷониби Президенти Ассотсиатсия шоирон ва нависандагони универсалӣ Марвин Ҷовани Агулар Рамо бо Дипломи шоири универсалӣ сарфароз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки чакидаҳои хомаи шоир ба зиёда аз 20 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар маҷалла ва дигар нашрияҳои рӯи дунё ба нашр расида, пешкаши хонандагони сершумор гаштааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *