Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин густариш меёбанд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *