Тоҷикистон дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ

 Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро дар кишвари мо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи муҳими сиёсӣ, вохӯрии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рафти ин чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмиллалиро беш аз 550 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд. Дар ин замина, барои иштирокчиён тамоми шароит фароҳам карада шудааст.

Аз ҷумла барои рӯзноманигорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст, ки метавонад тариқи хабару гузориш дар расонаҳои байналмилалӣ ин чорабиниҳоро бо забонҳои хориҷӣ инъикос намоянд.

Хабарнигори Рӯзномаи «Халқ Овозӣ» Зуҳриддин Умаров зимни суҳбат бо хабарнигори радиои «Овози тоҷик» иброз намуд, маркази матбуотӣ ки барои инъикоси ин ду ҷаласаи муҳим ташкил карда шудааст, бо тамоми шароитхои мусоид фароҳам оварда шудааст, то мо рӯзноманигорон тавонем сари вақт ва бе ягон мушкилӣ аз рафти баргузории ин ду чорабинии сатҳи байланди байналмилалӣ хабару гузориш ба мардум пешниҳод намоем.

Рӯзноманигор аз маҷаллаи «Бонувон» Қутбияи Неъматулло зикр намуд, ки дар ин ҷо барои ҳар як рӯзноманигор шароити хуби корӣ фароҳам шуда, дар баробари мо рӯзноманинорони тоҷик шумораи зиёди хабарнигорони хориҷ аз кишвар низ ҳузур доранд, ки барои дар сатҳи баланд инъикос намудани чорабиниҳо машғули коранд. Ин метавонад мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузор гардидани ин гуна ҷаласаҳои муҳими сиёсӣ дар кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ кӯшиш менамояд, ки бар зидди ҳаргуна таҳдиду хатарҳо мубориза бурда, барои таъмин намудани амният дар минтақа саҳми арзанда гузорад. Инчунин барои сулҳу субот аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тамоми саю кӯшиши худро равона менамояд.