
Шумораи сайёҳони мутақобила миёни Тоҷикистон ва Русия дар муқоиса бо давраи пеш аз пандемия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ҳамчун муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар дидор бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ гуфтааст, ки Русия омода аст дастовардҳо ва таҷрибаи худро барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон дар миён гузорад. Илова бар ин, ҷониби Русия омода аст, ки бо иттиҳодияҳои операторони сайёҳӣ дар Русия барои таблиғи маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Ба гуфтаи Дмитрий Волвач, дар муқоиса бо соли 2019 боздиди русҳо ба Тоҷикистон ва тоҷикон ба Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Шумораи сайёҳон аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия тақрибан ду баробар ва сафарҳои сайёҳони рус ба Тоҷикистон беш аз се баробар афзудааст.