Супоридани нусхаҳои эътимоднома ба Сафири Латвия
9 июни соли 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода нусхаҳои эътимодномаи сафири тозатаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) Гиртс Яунземс-ро қабул намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Латвияро баррасӣ карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Латвияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш ба ӯ комёбиҳо орзу намуд



