“Имрӯз ба дидори Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудам ва табрикоту таманниёту Подшоҳи Арабистони Саудӣ Малик Салмон бин Абдулазизро ба инҷониб таҳвил додам. Дар дидори худ мо дар мавриди 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатии ҳарду кишвар ибрози назар кардем”, — иттилоъ дод ба хабарнигорон имрӯз Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи Холид Ал-Фолеҳ, дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.
“Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар мо даври сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баргузор мекунем. Инчунин, дар ҳошияи он имзои якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст. Ба ғайр аз ин, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ки дар доираи он ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои сайёҳиву сармоягузорӣ таваҷҷуҳ карда мешавад»,-таъкид кард Холид Ал-Фолеҳ.
Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ гуфт, дар рафти суҳбат аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик намуд.