Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҷашнвора ва намоишгоҳ ба муносибати Рӯзи миллии Кувайт ва омадани Ҷашни Наврӯз таҳти унвони “Expo 965: Рӯзи миллӣ ва мерос” иштирок намуд. Чорабинии мазкур 14 феврал шурӯъ гардида, то 16 феврал идома мекунад. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод.
Дар ҷашнвора бо таваҷҷуҳ ба наздикшавии ҷашни миллии тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз намоиши либосҳо ва маҳсулоти хос ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анҷом дода шуд.
Дар гӯшаи миллии тоҷикӣ анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти зардӯзиву гулдӯзии миллӣ, тӯҳфаҳои хотиравии маҳсулоти ватанӣ ва маводди гардишгариро барои таблиғу ташвиқи соҳаи сайёҳии кишвар ба маъраз гузошта шуд.
Ҳайати таъсисдиҳандагони чорабинӣ аз муаррихон, таҳқиқотчиён, намояндагони осорхонаҳои хусусӣ, соҳибҳунарони миллии кувайтӣ ва корпуси дипломатии мукими Давлати Кувайт иборат буда, дар он намоишҳои миллӣ, семинарҳо ва озмунҳо баргузор гардида истодаанд.