
Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҷорират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Танзими раванди муҳоҷирати байналмилалӣ дар ҳудуди давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ”, ки дар ҳошияи 7-умин Форуми байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати меҳант, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, тибқи барномаи конфронс Гулнора Ҳасанзода дар ҷаласаи пленарии он дар мавзуи “Танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар доираи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ таклифҳои мушаххас манзур кард.