Дар Берлин 17 майи соли 2023 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Маттиас Люттенберг доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар музокирот, мусоҳибон вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.
Ҳамчунин, шарикон дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор доштанд.