Саннаи 24 майи соли 2023 Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Ватслав Йилекро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехияро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёси ва гуманитарӣ баррасӣ намуда, атрофи шарокати ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.