Тоҷикон Рӯзи Истиқлолияти давлатиро дар саросари дунё таҷлил карданд
Ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони Истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд. ДАр ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
6 сентябри соли 2023 дар шаҳри Минск ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавӣ барпо гардид.
7 сентябри соли 2023 дар шаҳри Москва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзоёни Ҳукумати Федератсияи Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими он кишвар иштирок намуданд.
9 сентябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия ва Сафорати Тоҷикистон дар Куриё бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистони муқими он кишварҳо ва меҳмонон чорабинии идона баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ибтикори намояндагиҳои хориҷии кишвар дар биноҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳои машҳури як қатор давлатҳои хориҷ (Туркия, Русия, ШМА ва Корея) бо мақсади таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами Тоҷикистон намоиш дода шуд.