Вохурии Хайрулло Ибодзода бо вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Ғани Бейсембаев
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Ғани Бейсембаев мулоқот намуд. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи маориф, хусусан нашр кардани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнае, ки таҳсилоташон бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.