World Bank Group Tajikistan — Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Антонелла Бассанӣ, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар ҷаласаҳои баҳории IMF-WBG дар Вашингтон, бо ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали сарвазир Ҳоким Холиқзода, мулоқот анҷом дод.
Сӯҳбат ба пешбурди рӯзномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла афзоиши таъминоти энергия ва ислоҳот ва татбиқи портфели кунунии Бонки Ҷаҳонӣ бахшида шуда буд. Дар мубодилаи афкор инчунин аҳамияти беҳтар кардани хизматрасонии давлатӣ ва ташкил намудани имкониятҳои бештар барои рушди бахши хусусӣ, ки барои стратегияи нави таҳияшаванда муҳим аст, таъкид карда шуд.



