Имсол мо 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Русия ва Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Кишварҳо бо кадом дастовардҳо ба ин сана расиданд? Ба назари шумо, ин 30 сол барои равобити дуҷониба то чӣ андоза муваффақият овард?
— 8 апрели соли 2022 Тоҷикистону Русия санаи муҳим – 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳоро оид ба ин чорабинӣ ба мувофиқа расониданд, ки аз рӯйдодҳои пурмазмун иборат аст.
Дар тӯли 30 сол муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ки бар оинҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва дастгирии ҷонибҳо асос ёфтаанд, инкишоф меёбанд. Дар асоси принсипҳо ва ӯҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ва Шартномаи ҳамкории иттифоқӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, дар байни кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳои асосӣ – сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ динамикаи устувори ҳамкориҳо ба вуҷуд омаданд.
Дар давоми се даҳсола Тоҷикистону Русия тавонистанд, ки ба натиҷаҳои устувори муштарак расанд. Махзани калони шартномавию ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 300 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро да бар мегирад, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки рушди гуногунҷанбаи равобити дуҷониба бо Русия яке аз самтҳои афзалиятноку авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Душанбе дар низоми ҳамкорӣ бо Маскав чиро тағйир додан мехоҳад, Аз чӣ даст мекашад ё чиро шояд илова мекунад?
— Муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба ислоҳ ниёз надоранд. Албатта, ҳанӯз иктидори бузурги истифоданашуда мавчуд аст, ки истифодаи онҳо дур аст. Аз ин рӯ, мо якҷоя бо ҳамкасбони русии худ кӯшиш мекунем, ки ҳамаи ҳадафҳои дар пеш гузошташударо амалӣ созем.
Нақшаҳои шумо оид ба сафарҳои сатҳи олӣ чӣ гунаанд? Оё шумо, муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин соли ҷашнӣ ба Федератсияи Русия сафар карданиед? Ва ё Шумо сафари киро ба Душанбе интизоред?
Дар соли ҷашнӣ ба мо муяссар шуд, ки ду сафари сатҳи олиро ташкил кунем. Ҳамин тариқ, рӯзи 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти роҳбарони кишварҳои узви СААД ба Русия як сафари корӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти густурда сурат гирифт. Ва рӯзи 28 июн сафари кории Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт. Инчунин, хотиррасон кардан мехохам, ки 5 сентябр сафари расмии ман ба Москва сурат гирифт.
Шумо ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро чӣ гуна арзёбӣ карда метавонед? Ба назари шумо, то куҷо тиҷорати дуҷониба ба воқеияти муосир мувофиқат мекунад? Оё ҷонибҳо ҳамкориҳоро афзоиш хоҳанд дод ва дар кадом соҳаҳо?
— Соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ як бахши муҳими муносибатҳои мо боқӣ мемонад. Дар охири соли 2021 Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дилпурона ҷойи аввалро ишғол кард. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол қариб як миллиарду чорсад миллион доллари амрикоиро (1353 миллион) ташкил дода, дар ҳашт моҳи соли 2022 ин рақам беш аз нуҳсад (908,2) миллион долларро ташкил дод. Ҳатто чунин заминаҳое низ мавҷуданд, ки то охири соли 2022 мо ҳаҷми гардиши тиҷоратиро ба ним миллард доллар расонем.
Ба фикри ман, кишварҳои мо бояд низоми муомилоти молро, ки ҳозир аз рӯи усули «муомилоти ашёи хом» мебошад, тағйир диҳанд. Бояд ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои коркарди маъдан, металлургия, нафту химия ва дигар соҳаҳо ноил шуд. Мамлакати мо ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои инкишофи мусоиди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ аҳаммияти калон медиҳад. Ҳамчунин, қайд мекунам, ки 15 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Умедворем, ки натиҷаи чорабинӣ бастани шартномаҳои зиёд хоҳад шуд.
Дар робита ба таҳримҳо Русия аллакай содироти баъзе молҳоро манъ кардааст. Оё Тоҷикистон камбуди коло аз Русияро эҳсос мекунад? Ва оё Душанбе эътимод гирифт, ки тамоми колоҳои Русия сари вақт вориди Тоҷикистон мешаванд?
— Мехостам таъкид намоям, ки сарфи назар аз пандемия, ки боиси ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани равобити тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия гардид, то охири соли гузашта кишварҳои мо вақти аз даст рафтаро ҷуброн карданд. Дар ҳоли ҳозир мо норасоии молҳои заруриро аз Русия ба кишварамон эҳсос намекунем.
Муносибати Тоҷикистон оид ба ғояи табдили ҳисоббаробаркуниҳо дар савдои мутақобила ба асъори миллӣ чӣ гуна аст? Оё Душанбе омода аст арзиши моли Русияро бо рубл пардохт кунад?
— Вазоратҳои молия ва бонкҳои миллии хар ду мамлакат ин масъаларо фаъолона муҳокима мекунанд. Ман медонам, ки айни замон барои муайян намудани дурнамои тавсеаи истифодаи асъори миллӣ, аз ҷумла таҳлили тафовут дар қонунгузории миллӣ оид ба танзими асъор, вазъи кунунии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ, инчунин муайян кардани арзиш бо асъори миллӣ гуфтугуҳо идома доранд, аммо дар ин самт маҳдудиятҳои эҳтимолӣ низ мавҷуданд.
Оё Тоҷикистон зери чунин таҳримҳои густурда метавонад боз бо Русия дар арсаи тиҷорат ва молӣ ҳамкорӣ кунад?
— Чаҳорчӯби ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Русия дар арсаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба мо имкон медиҳад, ки сарфи назар аз ҳама гуна маҳдудиятҳо таҷрибаи афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ва тавсеаи навъҳои молро такмил диҳем. Гузашта аз ин, роҳбарони кишварҳои мо барои солҳои наздик вазифаи стратегӣ – таъмини пешравии сифатӣ дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ гузоштаанд. Дар шароити нав ҳар ду кишвар низ ният доранд, ки аз имконоти фарохи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла тавассути афзоиши самаранок ва саривақтӣ аз тамоми қарорҳои қабулшуда фаъолтар истифода баранд.
Оё Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бахусус бо назардошти таҳдидҳои нав, афзоиш хоҳанд дод?
— Ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ самти муҳим боқӣ мемонад. Барномаи таҷдиди қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ногуфта намонад, ки сарони давлатҳо зимни мулоқотҳои охири худ дар мавриди татбиқи ҳатмии он ба хулосаи умумӣ омаданд. Табиист, ки афзоиши ташаннуҷ дар Афғонистон як масъалаи аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи амният аст. Сарони давлатҳои мо якдилона бар ин назаранд, ки дар ин кишвар муколамаи сулҳомез зарур аст, то як ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми қавмҳо ва нерӯҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, ки қисми муҳими шумораи ахолии Афгонистонро ташкил медиҳанд, ташкил шавад.
Дар давоми як моҳи охир хуруҷи ҳамватанонатон аз Русияро мебинед?
— Пеш аз ҳама, мехоҳам қайд намоям, ки ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо Русия дар сатҳи хуб қарор дорад. Дар ин самти ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар таҷрибаи хуби ҳалли фаврии масъалаҳои бамиёномада мавҷуд аст. Таъкид мекунам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба будубоши қонунӣ ва кор дар Русия таваҷҷӯҳ доранд. Далели ин гуфтаҳост, ки танҳо дар соли 2021 шаҳрвандони мо беш аз ҳафтсад ҳазор патенти меҳнатӣ гирифтаанд. Ба ҳисоби пулӣ шаҳрвандони мо моҳе зиёда аз чор миллиард рубл пардохт мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 аз ҳисоби патенти шаҳрвандони Тоҷикистон ба буҷаи Русия беш аз чилу ҳашт (48) миллиард рубл ворид шудааст, ки ин қариб 900 миллион долларро ташкил медиҳад.