Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жаппаров зимни суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 20-уми сентябр даргириҳои 14-17-уми сентябрро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро ба баҳс кашид. Жапаров беҳаёона ба оламиён дурӯғ гуфт, ки гӯё «Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамла кард» ва онро «таҷовуз» номид. Ин изҳороти роҳбари аввали кишвари ҷониб далели он аст, ки онҳо тарафдори сулҳ набуда, балки акнун ба гунаҳкоркунии ҷониби дигар мепардозанду инро заминае барои ҳамлаҳои навбатӣ сохтанианд.
Жапаров дар Маҷмаи умумии Созмони Милал чунин як афсонае бофт, ки гӯё моҳи июни соли гузашта, бо вуҷуди онки зери танқиди мардуми Қирғизистон мондааст, барои ёфтани ҳалли мусбати масоили марзӣ ба Душанбе омада будааст, аммо «мулоқот натиҷае надодааст», ки ин туҳмати маҳз аст, зеро аксу наворҳо нишон медиҳанд, ки ҳамлаҳо ҳамеша аз ҷониби Қирғизистон анҷом ёфта, мусаллаҳона, таҷовузкорона ва ҳадафмандона буданд.
Жаппаров аз ин минбари баланд ҳарза гуфт, ки гӯё ҳамеша маҷбуранд ба таҷовузи ҷониби Тоҷикистон посух диҳанд. «Ҷониби Қирғизистон ба замини бегона даъво надорад ва як сантиметр заминашро ба касе доданӣ нест». Аммо, таърих шоҳиди он аст, ки
ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Ин ду далел зидди ҳам нестанд ва чаро роҳбари аввали ин кишвар дидаю дониста дурӯғ мегӯяд?! (Марҳаммат ба навор нигаред)Тошиев ҳамчун раиси ҳайати давлатии музокироти масоили сарҳадӣ бо Тоҷикистон он рӯз гуфта буд, ки “масъалаи асосӣ Ворух аст. Мо бар асоси қонун, сарҳадҳои Ворухро андоза мегирем, то бузургтар нашавад. Вале аз тариқи қаламрави худ ба онҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳем, то гузашта тавонанд». Аммо, ҳамлаҳои охирини онҳо аз қаламрави ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Лахш нишон медиҳанд, ки масъала танҳо дар Ворух нест, балки мушкилии асосӣ худи қирғизҳоянд.
Далели боло шаҳодат аз мавҷудияти як навъ низоми ду ҳокимиятӣ дар Қирғизистон мебошад, ки онро Президенти ин кишвар Жаппаров Содир ва раиси КДАМ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ менамоянд. Муносибати раҳбарияти ҷониби Қирғизистон ба масъалаҳои марзи муштарак созанда нест, ки мо болотар далелашро гуфтем.
Роҳбари Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин минбар гуфт, кишвараш омода аст, ки музокиротро бо ҷониби Тоҷикистон “дар ҳар шакл, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва роҳи мутамаддини ҳуқуқӣ” идома бидиҳад. Дар айни замон афзудааст, “бо дарназардошти коҳиши боварӣ… омодаем, дар идомаи гуфтушунидҳо созмонҳои байналмилалие ба монанди Созмони Милал, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ миёнравӣ кунанд.” Саволе ба миён меояд, ки коҳиши боварӣ ба кӣ? Албатта, ки ба худашон!!! Чунки ҳамагӣ баъд аз чанд лаҳзаи имзои созишномаи оташбас онро дидаю дониста ва дағалона ва ҳатто барқасдона вайрон мекунанд. Ин гувоҳи он аст, ки қувваҳои ҳарбии кишвар ба роҳбарони аввали ҷумҳурӣ эътимод надошта, ба онҳо итоат намекунанд ва худсарона фармони ҷанг медиҳанд. Амали яке аз командирони ВКД ҶҚ далели ин андешаи мост (нигаред ба матлаби зер).
ФАВРӢ! Амри худсаронаи Командири ВКД Қирғизистон барои тирборони дидбонгоҳи сарҳадии «Исфара»
Дар маҷмӯъ, яке аз сабабҳои асосии низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон ин аҳдшиканӣ ва иғвоангезии доимии роҳбарияти олии Қирғизистон бо назардошти ҳифзи қудрати хеш дар Қирғизистон мебошад. Яъне, ҷониби Қирғзистон роҳи ҳалли сулҳомези мушкилотро намехоҳад ва бо ҳар роҳ Тоҷикистонро ба низои ошкорои низомӣ таҳрик медиҳад, ки суханронии фавқи Ташиев шоҳиди ин аст.
Қирғзистон мунтаззам иғвоангезиро нисбати ҷониби Тоҷикистон ба роҳ монда, ваъдахилофӣ, аҳдшиканӣ ва бемасъулиятиву бесалоҳиятиро пешаи кори худ карда, дар ҳалли мушкилоти хатти сарҳади давлатӣ аз роҳи муколамаи сиёсию дипломатӣ канораҷӯӣ намуда, манфиатдор нест. Албатта, ки дар раванди бесуботсозии вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва умуман дар минтақа дасти ҷониби сеюм низ ба назар мерасад ва суханронии муғризонаи Жаппаров аз минбари СММ далел ба андешаи болост.
Бояд гуфт, ки сарҳадбонони қирғиз пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ҳамеша рад карда, ба сӯи иншооти гуногуни инфрасохтори Тоҷикистон, аз ҷумла постгоҳу отрядҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои аҳолинишинро бо истифода аз тамоми намудҳои силоҳ бетаваққуф тирборон карданд (нигаред ба матлаби поён).
ФАВРӢ: Талаботи созиши оташбас аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз дигарбора вайрон карда шуд
Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи таҷовузкорони қирғиз 41 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, шумораи зиёди манзилҳо, нуқтаҳои сарҳадӣ, дигар иншоот ва инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона оташ зада шуданд, ки ба онҳо аслан ҷойҳои ҷамъиятӣ, чун мактабу масҷид ва мағозаву мавзеъҳои аҳолинишин дохил мешаванд. Ба ғайр аз ин, тарконидани мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва парронидани табиб дар ҳама гуна муоҳадаҳои байналмилалӣ манъ аст, ки ин амали нангин аз ҷониби ҳамсояи ҷангҷӯи мо содир шуд (нигаред ба аксҳо).
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳ аст ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунмарзии «Овози тоҷик»