27 сентябри соли 2022 дар ш.Кишинёв мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатӣ — муовини вазири иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.